БунёдТур - Ширкати сайёҳӣ
Нигаҳдорӣ (ҳифзи) саломатӣ дар давоми саёҳат

Дар давраи саёҳат маҷмӯи амалҳое дучор меоянд, ки татбиқи мустақилонаи онҳо барои шахс имконнопазир мебошад, аммо онҳо, бахусус нигаҳдории саломатии сайёҳ / шахс аз ҷониби Бунёд-Тур бо сатҳу сифати баланд таъмин карда мешаванд, аз ҷумла:

  Кафолати мавҷуд набудани хавфи / хатари берунии таъсиррасон ба саломатии сайёҳ, аз ҷумла хавфи грифторшавӣ ба бемориҳои гузаранда;

 Дар ҳолатҳои зарурӣ, пешакӣ огоҳ намудан оид ба хавфу хатарҳои мавҷудаи бемориҳои гузаранда. Дар ин сурат, қабули қарор оид ба саёҳат ба сайёҳ вогузор карда мешавад;

  Суғуртаи тиббӣ — дар ҳолатҳои зарурӣ дастёбӣ ба табобати бепул (ройгон) ва дигар хизмтарасониҳои тиббӣ. Бо ширкати суғуртавии байналмилалии “БИМА” шартномаи дахлдор баста шудааст, ки дар сурати суғурта шудани сайёҳ аз ҳолатҳои беморӣ таъмини хизматрасонии тибии бепул кафолат дода мешавад. Аммо, суғурта ҳатмӣ нест, он танҳо бо хоҳиш ва ё дархост кардани сайёҳ таъмин карда мешавад.