Сертификат–армуғони сайёҳӣ, ин василаи муосири қадрдонӣ ва ё ҳавасмангардонӣ буда, барои рушди муносибатҳо дар ҳаёту фаъолияти касбӣ ва шахсӣ беҳтарин туҳфа арзёбӣ мегардад.
Сертификат–армуғони сайёҳӣ арзиши номиналӣ дошта, ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки баробар ба арзиши нишондодашуда аз хизматрасониҳои (хатсайраҳои) ширкати сайёҳӣ ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо истифода барад. Яъне, Сертификат арзишнок буда, ба маблағи нишондодашуда баробарарзиш мебошад ва дорандаи он дар ҳаҷми маблағи муайяншуда метавонадаз ширкати дахлдор роҳхатисайёҳӣ (ройгон) дастрас намуда, ба саёҳат барояд.
Сертификат–армуғони сайёҳӣ ҳамчун василаи қадрдонӣ / ҳавасмангардонӣ ба гурӯҳҳои зерин хос мебошад:
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои варзишӣ – ҳамчун туҳфа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ
2. Аъзои оила – туҳфа ба шахсони наздик мавриди ҷашнвораҳо: зодрӯз, тӯй, идҳои баҳорӣ ва ғайра;
3. Маъмурияти ташкилоту муассисаҳо – ҳавасмандгардонии кормандон зимни муваффақиятҳо, ба синни нафақа расидан, мукофотпулӣ барои рухсатӣ ва ғайра;
4. Бахши хусусӣ – ҷиҳати ҷалби муштариён бо роҳи ҳавасмандагрдонӣ, туҳфа зимни ташкили озмунҳо, тахфифҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва ғайра.