БунёдТур - Ширкати сайёҳӣ
Саёҳати бароҳат ва бо ҳузуру ҳаловат

Дар давоми саёҳат — он амалҳое, ки татбиқи онҳо аз ҷониби сайёҳ / шахс мустақилона ғайриимкон мебошад — аз ҷониби Бунёд-Тур тамоми шароитҳо барои саёҳати бароҳат ва боҳузуру ҳаловати шахс / сайёҳ таъмин карда мешаванд, аз ҷумла:

  иттилооти зарурӣ ва муносиб оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ дар шакли рӯйдодҳои воқеи. Барои ин амал шахсони соҳибкасб ва донишдор ҷалб карда мешаванд;

  иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатии васеъҳаҷми ҷумҳуриявӣ, умумимиллӣ ва байналмилалӣ;

  шиносоӣ (аз наздик) бо анъанаҳо ва урфу одатҳои миллии минтақаҳои гуногуни кишвар (хӯрокпазӣ, ҳунармандӣ, хониши суруд, рақс, косибӣ ва ғайра);

  дарёфти дӯстони нав, имкониятҳои ташаккулёбӣ ва рушди шахсият;

  ба / дар эҳё гардидани имкониятҳо ва дастовардҳои нав ва муосири миллии фарҳангӣ шоҳид шудан / иштирок кардан.