Ҷойи кории холӣ – МЕНЕҶЕР ОИД БА САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ВАЗИФАИ АСОСӢ: 
- амалисозӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳамчунин таҳияи хатсайрҳои (маҳсулоти) сайёҳии байналмилалӣ; 
- дарёфти муштариёни имконпазир, кор бо шарикон / субъектони хориҷӣ ва пешниҳоди / тарғиботи хатсайрҳои сайёҳӣ ба онҳо; 
- пешбурди кор оид ба таъмини раводид, ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- тамос бо муштариён ва шарикон дар шабакаи Интернет оид ба амалисози хатсайрҳои (маҳсулоти) сайёҳии байналмилалӣ.   

ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
- на кам аз ду соли таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ ва ё дар соҳаи ҳаммонанд;
- малакаи корӣ бо технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, аз ҷумла Word, Excel, PowerPoint ва ғ;
- донистани на кам аз 3 забон – тоҷикӣ, англисӣ, русӣ;    
- истиқомат дар ш.Душанбе ва ё наздикиҳои он;
- омода будан ба гузаштани дарваи озмоишӣ – 1 моҳ (ба ғайр аз номзадҳое, ки қобилияти дарҳол ба кор шуруъ кардан ва натиҷа оварданро доранд).

МАЛАКАИ НОМЗАД:
- хушмуомила, кор дар тим (команда);
- эҷодкор, навовар;
- ба кори зиёд ва меҳнати пурзаҳмат омода будан, зеро музди меҳнат дар асоси иҷрои ҳаҷми кор ташаккул меёбад. 

ТАМОС / ВАҚТИ КОРӢ:
Вақти кор аз соати 8:00 то 17:00, панҷ рӯз дар як ҳафта. 
Номзадҳое, ки ба талаботи боло мувофиқат мекунанд, метавонанд маълумотномаи (резюмеи) худро ба суроғаи зерин ирсол намоянд: info@bunyodtour.tj ва ё info@bunyodtour.com 

ҲАҶМИ МУЗДИ МЕҲНАТ:
Ҳаҷми музди меҳнат: аз 2000 то 3000 сомонӣ, ҳармоҳа, аммо бо ин маҳдуд намегардад – дар сурати зиёд шудани натиҷаи корӣ, музди меҳнат низ зиёд шудан мегирад.
Музди меҳнат дар асоси иҷрои ҳаҷми кор ва натиҷанокии он ташаккул меёбад.

ЭЪЗОҲ: хоҳиш карда мешавад, шахсоне, ки ба талаботи боло мувофиқат намекунанд, ташвиш надиҳанд. 
Натиҷаи озмун ба почтаи электронии номзад фиристода мешавад, зимнан аз номзадҳо хоҳиш карда мешавад, ки мунтазам почтаи худро хабар гиранд. 
Дар натиҷаи баррасии маълумотнома / резюме ба номзадҳо, агар зинаи аввалро гузаранд, номаи электронӣ фиристода мешавад.
Номзадоне, ки қабули номаи электрониро тасдиқ намекунанд, ба зинаҳои дигари озмун даъват карда намешаванд.