ОЗМУН - таҳияи сомона-махзани TAJHOTELS.TJ

1.    МАҚСАД 
Вазифаи (фармоиши) мазкур аз ҷониби ҶДММ «БУНЁД-ТУР» бо мақсади таҳия ва ба амал баровардани сомона-махзани электронии TAJHOTELS.TJ ба роҳ монда шудааст.

2.    TAJHOTELS.TJ – ин низоми ягонаи хизматрасониҳои электронии / фосилавии меҳмонхонавӣ дар Тоҷикистон буда, вазифаи асосии он аз ҷамъоварӣ ва пешниҳод (тақсим / паҳн) намудани хизматрасониҳои мемҳонхонавӣ ва сайёҳӣ дар шакли онлайн-фармоиш ва онлайн-пардохт иборат мебошад. 

3.    ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
Дар озмун ташкилотҳое (шахсони ҳуқукӣ ё соҳибкорони инфиродӣ), метавонанд ширкат намоянд, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият дошта, ба дастовардҳои назарас дар ин самт ноил гардидаанд (минбаъд – Ташкилоти иштирокчӣ). Ташкилотҳои иштирокчӣ бояд суратҳисоби бонкӣ дошта бошанд.  

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандонро зарур аст, ки ба суроғаи - info@bunyodtour.tj - дархост пешниҳод намоянд.

Зимнан, дар асоси дархости қабулгардида, барои баррасӣ ва пешниҳоди молиявӣ Вазифаҳои техникӣ ва Шакли пешниҳоди молиявӣ ирсол карда мешавад.