Доналд Туск дар Тоҷикистон

Раиси Шўрои Аврупо Доналд Туск, ки ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, дар доираи сафар 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз дидан намуд.

Доналд Туск  зимни боздид аз кӯли Сарез, ки яке аз бузургтарин манбаи оби мусаффо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва табиати дилфиребу нотакрор дорад ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати зебою нотакрори сарзамини  моро ганҷинаи бузурги табиӣ номид.

Хабари бештар бо истиноди: http://khovar.tj/2019/05/donald-tusk-hudovand-ba-to-ikiston-sarvat-oi-buzurgi-tabi-ato-kardaast-ob-oi-musaffoi-to-ikistonro-yagon-kishvari-dunyo-so-ib-nest/