Дубай — яке аз бузургтарин шаҳрҳои Аморати муттаҳидаи Араб мебошад, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ ва тиҷорати молу хизматрасонӣ пешрафта ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ин минтақа бандари чуқуроби баҳрӣ ва маркази маъмурии Аморат буда, ба сифати маркази тиҷоратии Аморат ва шарқи наздик эътироф гардидааст.
Аморати муттаҳидаи Араб, аз ҷумла шаҳри Дубай айни замон маркази сайёҳии дунё ва соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад. Яъне, дар ин шаҳр натанҳо саёҳат кардан мумкин аст, балки ба ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ, намудҳои муосири тиҷорат ва соҳибкорӣ шинос шуд.
Боду ҳаво дар Дубай доимо гарм буда, дар зимистон 21-24 С0 ва дар тобистон 32-38 С0 гармиро ташкил медиҳад.
Новобаста аз ин мумкин аст, ки тибқи хоҳиши муштариён саёҳати махсус, бо назардошти шарту шароитҳои муносиб ташкил намуд.
Дар умум эҳсос мегардад, ки гӯё саёҳати Дубай танҳо ба сарватмандон имконпазир бошад, аммо воқеият дигар аст – дар қиёс ба дигар самтҳо саёҳати Дубай арзонтарин ба ҳисоб меравад ва он қариб ки ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас мебошад. Дубай шаҳри бузурги тиҷоратӣ бо иморатҳои зиёди баландошёна ва мавзеъҳои гуногуни сайёҳӣ мебошад, ки тамошои аксари онҳо ройгон аст.
Дар инҷо нақши калидиро зеҳн ва эътимод мебозад, на имконияти молиявӣ.
ЯКЧАНД ТАВСИЯҲО:
Пеш аз ҳама бояд донист, ки хастайри мазкур тариқи Абу-Дабӣ, пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб ба самти Дубай сурат мегирад.
Байни Абу-Дабӣ ва Дубай 100 км роҳ аст, ки онро метавон бо такси (+/-50$) ва автобуси AUH Express (+/-10$) дар байни 1-1,5 соат тай намуд.
Такси дар назди фурӯдгоҳ озод буда, чиптаи автобусро дар дохили фурӯдгоҳ харидан мумкин аст. Автобус тахмин ҳар як соат ба самти Дубай роҳсипор мегардад.
Автобус то ба метрои "Ibn Battuta"-и Дубай мусофиронро мерасонад, ки барои саёҳати оянда тариқи метро муносиб аст.
1. Зарур аст, ки ҳанӯз аз давраи банақшагирӣ ба сарфа кардани маблағ шуруъ намуд
2. Истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ
3. Тамошои мавзеъҳои сайёҳӣ - ройгон
4. Соҳилҳои (канораҳо) беҳтарини Дубай – ройгон
5. Дастрасии хӯрока аз супермаркетҳо
6. Истеъмоли хӯрок дар кӯча
Барномаи сайёҳӣ: "ДУБАЙ, дастрас (аз Самарқанд)"
Давомнокии саёҳат: 8 рӯз / 7 шаб
Хатсайр: Душанбе-Самарқанд-Абудабӣ-Дубай
1) Саёҳонро зарур мегардад, ки бо назардошти вақти парвоз мустақилона ба ш.Самарқанд сафарбар шаванд ва аз фурудгоҳи Самарқанд ба шаҳри Абуд-Дабӣ парвоз мекунанд.
2) Ҳангоми фуруд омадан дар Абу-Дабӣ зарур мегардад, ки бо таксӣ ва ё автобус (нигаред ба тавзеҳоти боло) ба самти Дубай (100 км) сафарбар гардед. Ҳангоми аз Дубай бар гаштан низ, вақти парвоз аз Абу-Дабӣ ба инобат гирифта шавад.
Давомнокии парвоз: 3,5 соат, мустақим
► Рафтан, рӯзи панҷшанбе, парвоз аз ФБ "Самарқанд", вақти парвоз 11:45
► Бар гаштан, рӯзи якшанбе, парвоз аз ФБ "Абуд-Дабӣ", вақти парвоз 06:45
ФБ - фурудгоҳи байналмилалӣ
ДИҚҚАТ: бақайдгирӣ дар фурудгоҳҳо 3 соат қабл аз вақти парвоз кушода / оғоз шуда, 60 дақиқа пеш аз вақти парвоз пушида мешавад.
ЭЗОҲ: арзиши хатсайри мазкур бинобар зудтағйирпазир будани нархи чиптаи ҳавопаймо бо фосилаи на кам аз 30 рӯз ҳисобӣ шудааст. Яъне, фосилаи байни санаи фармоиш ва санаи саёҳат бояд аз 30 рӯз бештар бошад. Дар сурати ба инобат нагирифтани ин маълумот пардохти фарқият аз ҳисоби сайёҳ (иловатан) дархост карда мешавад. Зимнан, пеш аз пардохти арзиши саёҳат тамоси шумо бо рақамҳои зерин тавсия мегардад:
Барномаи сайёҳӣ / саёҳат дар ҳудуди Дубай аз ҷониби сайёҳ мустақилона (аз ҳисоби худи сайёҳ) ташкил карда мешавад. Аммо, мавриди зарурат мо метавонем, ки шарикони худро ҷиҳати ташкили саёҳат тавсия бидиҳем.