Роҳбалад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд-Тур» (минбаъд «Ҷамъият») соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст.
Ҳадафи асосии Ҷамъият, ин ташаккул ва бунёди заминаҳои устувори ташкилию амалии соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии дохилӣ тавассути ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосир ва муносиби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Фаъолияти асосии Ҷамъият, ин хизматрасонии сайёҳӣ мебошад, аммо ба фаъолияти намуди дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, Ҷамъият метавонад машғул гардад. Сиёсати Ҷамъият бо назардошти принсипҳои идоракунии демократӣ, иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва гуманистӣ ба ташаккул ва рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус татбиқи заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории соҳаи сайёҳии дохилӣ равона гардида, талқини арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ–фарҳангӣ, таърихӣ–аҷдодӣ ва муосири Тоҷикистонро ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, инчунин иттилоотноксозӣ ва баланд бардоштани маданияти сайёҳии шаҳрвандонро ба роҳбарӣ мегирад.