БО "БУНЁД-ТУР" ҲАР ШАХС МЕТАВОНАД МАБЛАҒ КОР КУНАД!

Ба таваҷҷӯҳи корҷӯён ва соҳибкорон Барномаи “Хизматрасонии агентӣ” пешниҳод мегардад, ки мутобиқи он ҳар шахси воқӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ метавонад шарики ширкати гардад – хатсайрҳои сайёҳии моро амалӣ гардонад.
Ҳамчун агенти (ҳамкори) ширкат танҳо шахсе метавонад интихоб гардад, ки синни ӯ ба 16 расида бошад. Ё инки ҳар шахси ҳуқуқӣ (ташкилот), ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ метавонад ба сифати агенти (ҳамкори) ширкат фаъолият намояд. 
Ба агент (ҳамкор) барои амалисозии хатсайрҳо дар ҳаҷми дар поён нишондодашуда бонус – мукофотпулӣ дода мешавад:
•    Ба шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Тоҷикистон) – то 5% аз арзиши хатсайри сайёҳӣ;
•    Ба шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо) – то 6% аз арзиши хатсайри сайёҳӣ;
•    Ба шахсони ҳуқуқии (ташкилотҳои) хориҷӣ – то 5% аз арзиши хатсайри сайёҳӣ.
Кори асосӣ ва ё вазифати агент (ҳамкор), ин амалӣ намудани (ба фурӯш баровардани) хатсайрҳои сайёҳии ширкат тибқи сомонаи https://bunyodtour.tj мебошад. Зимнан, агент (ҳамкор) бояд мунатазам хатсайрҳои сайёҳии ширкатро байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ (дар/барои хориҷи кишвар) тарғиб (реклама) намояд. Барои ҳар як муштарии ҷалбгардида агент (ҳамкор) метавонад бонуси (мукофотпулии) худро дарҳол соҳиб гардад ё инки зимни интиқоли маблағи хизматрасонӣ ба суратҳисоби ширкат бонуси (мукофотпулии) худро аз арзиши умумӣ тарҳ намояд.

Барои соҳиб гардидани ба мақоми агент (ҳамкор) хоҳишмандонро зарур мегардад, ки бо тартиби зерин амал намояд:
1.    Лоиҳаи шартномаи дахлдорро (дар поён) интихоб карда, ба компютери худ берун орад ва чоп намояд.
2.    Ба шартнома шинос шуда, ҷойҳои холии онро (бо ворид намудани маълумоти дахлдор) пур намояд.
3.    Шартномаро ба имзо расонида, онро нусха (скан) бардорад ва ё расм гирад.
4.    Шартномаи нусха бардошташударо ҳамроҳ бо нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ (дар ҳолати ташкилот-шаҳодатномаи қайди давлатиро) суроғаи - info@bunyodtour.tj фиристад ё инки ҳамроҳ гирифта, ба дафтари марказии мо бо суроғаи ш.Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 11 биёрад.
 

Муфассал https://bunyodtour.tj/agent.php