БАРНОМАИ "САЁҲАТ БО ҚАРЗ"
Саёҳат бо қарз - ин намуди хизматрасониест, ки ба муштариён - хоҳишмандони сайру саёҳат ҳамчун имконият ё фурсати амалисозии нияту мақсадҳои сайёҳӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар ҳаёт инсон ба ҳолатҳои зиёди беинтизор, ногаҳонӣ, мушкилотбор дучор мегардад, ки барои ҳалли онҳо кумаки иловагӣ - маблағи зиёд лозим мегардад. Зимнан, Барномаи мо - Саёҳат бо қарз дар чунин ҳолатҳо метавонад ҳамчун кумаки иловагӣ истифода гардад - дастгири инсон бошад:
1) қонеъ гардонидани хоҳиши аҳли оила барои саёҳат ба мавзеъҳои ҷолиб ва ё хориҷи кишвар;
2) татбиқи тавсияи табиб ҷиҳати гирифтани табобати осоишгоҳӣ ё инки сафарбар намудани шахси наздик (падар, модар, фарзанд ва ғ.) ба осоишгоҳи муайян-махсусгардонидашуда ҷиҳати барқароркунии саломатӣ;
3) табобати шахси бемор дар клиникаҳои машҳури ҷаҳон ҳамчун саёҳати табобатӣ;
4) ташкили саёҳати омӯзишӣ - таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои пешрафта;
5) ҳавасмандгардонии кӯдакон тариқи сафарбар намудани онҳо ба лагерҳои таълимии фаннӣ, инноватсионӣ, фароғатӣ, сайёҳӣ ва ғ.

Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии Алиф-Капитал амалӣ мегардад. Барои дастёбӣ ба саёҳат бо қарз ҳамагӣ 4 қадамро мебояд гузашт:
1. Интихоби хатсайри дилхоҳ аз номгӯи хатсайрҳои дар сомона - www.bunyodtour.tj - овардашуда;
2. Омода сохтани (скан кардани) шиносномаи шащрвандӣ (ҳар ду тарафи он);
3. Ба даст овардани Гувоҳнома оид ба музди меҳнат аз ҷойи кори асосӣ ва омода сохтани (скан кардани) он;
4. Ба сомона - www.bunyodtour.tj - ворид шуда, тугмаи "САЁҲАТ БО ҚАРЗ"-ро зер карда, дар поёни саҳифа Шакли дархостиро пур карда, ҳуҷҷатҳои дахлдорро тибқи б. 2 ва 3 дар ҷойҳои талабгардида зам намуда, барои баррасӣ мефиристед.

Қадамҳои дигар, ин баррасии дархост дар муҳлати аз 2 то 10 рӯз ва пешниҳоди натиҷа / хулоса ба шумо. Зимнан, мавриди қонеъ гардидани дархост шумо барои анҷом додани расмиёти дигар ба дафтари корӣ даъват карда мешавед.

ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Нусхаи шиноснома
Гувоҳнома оиди музди меҳнат
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам