МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Хатсайри мазкур хусусияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иттилоотнокӣ дошта, ташриф ва дидор аз дастовардҳои аҷдодонро, ки даҳ аср ё ҳазор сол қабл ноил гардида буданд, фаро мегирад. Аҳамиятнокии дастовардҳои аҷдодӣ дар он аст, ки онҳо то ба имрӯз машҳури ҷаҳон боқӣ монда, ташаббускорон – гузаштагони мо ҳамчун шахсони фавқулода, олиму донишманд ва барҷастагони дину маърифат эътироф гардидаанд.

žСАМАРҚАНД — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии “Авесто” номбар гардидааст.

Ин хатсайр бо мақсаде ташкил гардид, ки хоҳишмандон дар рӯзҳои истироҳатӣ низ тавонанд ба шаҳри бостонии Самарқанд, ки ҳамагӣ 290 км аз ш.Душанбе ҷойгир аст, ташриф оранд.

 

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 580 км
Барнома дар бар мегирад сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

РӮЗИ ЯКУМ:

  • - Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк), ҷамъомад то ст.: 9:00, роҳсипо шудан ба сафар / Ӯзбекистон тариқи Панҷакент
  • - Хӯроки нисфирӯзӣ дар ш.Панҷакент (12:00)
  • - Расидан ба маркази ш.Самарқанд, ҷобаҷошавӣ дар меҳмонхона (15:00)
  • - Шоми Самарқанд: саёҳат дар хиёбонҳои шаҳри Самарқанд

РӮЗИ ДУЮМ:

  • - Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)
  • - Ташриф ба мавзеъҳо: манзилгоҳи (осорхонаи) Афросиёб – шоҳи зинда – масҷиди ҳазрати Хизр – осорхонаи С.Айнӣ – мадрасаи Шердор – маҷмааи Регистон – паноҳгоҳи ҳазрати Довуд – манзилгоҳи ҳазрати Дониёр-пайғамбар – манзилгоҳи ҳазрати Мотурдӣ
  • - Анҷоми саёҳат: Баргашт ба ш.Душанбе (15:00)
  • Расидан ба ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (20:00)


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам