МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Анталия — маркази вилояти Анталия, яке аз шаҳрҳои муҳим ва сайёҳии кишвари Туркия дар соҳили баҳри Миёназамин ҷойгир мебошад. Ин шаҳр, ки ба унвони маркази сайёҳӣ ва тафреҳӣ дар Туркия маҳсуб мегардад дорои ҷозибаҳои фаровон мебошад.

Дар Анталия бештар аз як миллион нафар истиқомат мекунанд, аммо бошандагони доимии он ба ҳисоби миёна беш аз ду миллион нафарро ташкил медиҳад. Яъне, дар ин минтақаи Туркия ба як сокин як сайёҳ рост меояд, ки ҷолибияти сайёҳии онро инъикос менамояд.

Захираҳои асосии сайёҳии Анталия: халиҷи баҳри Миёназамин; шаршараи Дюден; кӯҳи Тунктеппа; осорхонаи Ататурк; Масҷиди Муратпаша; манораи Эйвел; масҷиди Исқола; дарвозаҳои Одрин; маҷмааи обӣ бо аквапарк, ҳавзи делфин ва аквариум; амфитеатри Аспендос ва ғайра

Хатсайри мазкур ҳамчун саёҳати обӣ пешниҳод мегардад, аммо бо ду ширкатҳои ҳамкори худ мо метавонем хатсайрҳои дигари фароғатиро низ, бо дархости муштариён, пешниҳод намоем

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 5000 км
Барнома дар бар мегирад қабул аз фурудгоҳи байналмилалии ш. Анталия
Намуди нақлиёт: киштӣ / яхта (тур / круиз) бо тамоми шароитҳо
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

Рӯзи якум:

  • Оғози саёҳат: ст.: 03:00, ҳудуди меҳмонхонае, ки сайёҳон истиқомат доранд ё ин ки х. С.Шерозӣ 11; роҳсипо шудан ба фурудгоҳи Душанбе
  • Фурудгоҳи Душанбе – парвоз 05:05
  • Расидан ба Истанбул, фурудгоҳ 08:30 ва парвоз ба Анталия – 16:10
  • Расидан дар Анталия 17:40 - фурудгоҳ
  • Қабули сайёҳон (аз фурудгоҳ) ва ҳаракат ба ҷониби бандари ш. Кемер
  • Ҷобаҷошавӣ дар киштӣ (яхта); шиносоӣ бо сарнишин ва ҳайати хизматрасонони киштӣ
  • Сайругашти бегоҳӣ дар ҳудуди шаҳри Кемер 
  • Рӯзи дуюм:
  • Наҳорӣ дар киштӣ
  • Ташриф ба мавзеъҳо – cаёҳати обӣ дар баҳри Миёназамин: бандари Кемер – Олимпос – халиҷи Адрасан Кавус
  • Хӯроки шом ва шабист дар халиҷи Адрасан Кавус

Рӯзи сеюм:

  • Наҳорӣ ва сайру гашт ба ш.Демре
  • Ташриф ба мавзеъҳо: Демре – Ликий – халиҷи Гокайя
  • Хӯроки шом ва шабист дар халиҷи Гокайя

Рӯзи чорум:

  • Наҳорӣ ва ҳаракат ба самти шаҳри ғарқшуда (наздикии Кекова) Ташриф ба мавзеъҳо: шаҳри ғарқшуда (наздикии Кекова) – халиҷи Терансе – халиҷи Укагиз
  • Хӯроки шом ва шабист дар халиҷи Укагиз 

Рӯзи панҷум:

  • Наҳорӣ ва ҳаракат ба самти деҳоти Симена
  • Ташриф ба мавзеъҳо: деҳоти Симена – шаҳраки Калекёй – бандари Генуэз
  • Хӯроки шом ва шабист дар бандари Генуэз

Рӯзи шашум:

  • Наҳорӣ ва идомаи сайри обӣ дар бандари Генуэз
  • Ташриф ба мавзеъҳо: бандари Генуэз – халиҷи Фазелис
  • Хӯроки шом ва шабист дар халиҷи Фазелис

Рӯзи ҳафтум:

  • Наҳорӣ ва идомаи сайри обӣ ба халиҷи Алакасу
  • Ташриф ба мавзеъҳо: халиҷи Алакасу – халиҷи Мунлайт
  • Хӯроки шом ва шабист дар бандари Кемер

Рӯзи ҳаштум:

  • Наҳорӣ дар киштӣ
  • Анҷоми саёҳат – гусели сайёҳон аз фурудгоҳи Анталия


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам