МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Истанбул — бузургтарин шаҳри Туркия, маркази асосии тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангӣ, бандари асосии кишвар. Воқеъ дар соҳили гулӯгоҳи Босфор. 
Дар гузашта пойтахти империяи Византия - Рим ва Усмонӣ. Дар асри VII п.м. аз ҷониби колонистҳои шаҳри юнонии Мегара шаҳри Визнатия ташкил карда мешавад. Тибқи баъзе махзанҳо номи шаҳр ҳамчун Истамбул аз номи Истинполин бармеояд, аммо бо тасдиқи махзанҳои дигар номи шаҳр аз номи Ислом ҳамчун Исломбул бармеояд.
Пас аз забт гардидани шаҳр аз ҷониби туркҳо номи он ҳамчун Истанбул боқӣ мемонад, аммо барои Юнониҳо он ҳамчун Костантинопол ном гирифта мешавад.
Истанбул дар байни ду қитъаҳои Аврупо ва Осиё ҷойгир шудааст ва дорои мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ, таърихию фарҳангию  динӣ мебошад.  

 

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 5000 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: автобусҳои хурди навъи / тамғаи Toyota, Mercedes, Volkswagen – ғунҷоишашон 16, 18 ва 24 нафар; бо тамоми шароитҳои муносиб барои сафар
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

Рӯзи якум
Оғози саёҳат: гусели сайёҳон аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Душнабе; бақайдгирӣ – ст. 04:20
Расидан ба Истанбул (ст.09:35): сайёҳон дар фурудгоҳи байналмилаии Истанбул пешвоз гирифта шуда, ба меҳмонхона расонида мешаванд (ст. 10:20)
Шоми Истанбул (вақти рафтан-19:30 / баргашт 00:00): сайёҳон аз меҳмонхона гирифта шуда, ба саёҳати баҳрӣ – круиз мебароянд; хӯроки шом дар киштӣ пешниҳод мегардад.


Рӯзи дуюм

Наҳорӣ дар меҳмонхона
Дастовардҳои таърихии Истанбул (вақти рафтан-09:30 / баргашт 17:30): сайёҳон аз меҳмонхона гирифта шуда, аз саёҳати мавзеҳои таърихии Истанбул, ба монанди масҷиди Кабуд, Ҳоҷи София, қасри Топкапӣ, Гранд-бозор ва ғайра дидан мекунанд
Хӯроки нисфирӯзӣ дар рафти саёҳат таъмин карда мешавад


Рӯзи сеюм
Наҳорӣ дар меҳмонхона
Ҷазираи Шоҳзода (вақти рафтан-08:30 / баргашт 17:30): сайёҳон аз меҳмонхона гирифта шуда, тариқи баҳри Мармара ба ҷазираи Шоҳзода расонида мешаванд. Дар ин ҷазира ҳамзамон ба сайёҳон савории аспҳо пешниҳод карда мешавад.
Хӯроки нисфирӯзӣ дар рафти саёҳат таъмин карда мешавад


Рӯзи чорум
Наҳорӣ дар меҳмонхона
Ташрифи Бурса (вақти рафтан-07:30 / баргашт 18:30): сайёҳон аз меҳмонхона гирифта шуда, ба саёҳати мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, ба монанди  Мақбараи сабз - Дарахти қадима ва ғайра дидан мекунанд
Хӯроки нисфирӯзӣ дар рафти саёҳат таъмин карда мешавад


Рӯзи панҷум
Наҳорӣ дар меҳмонхона
Сайру гашти озод – рӯзи харид ва истироҳати озод


Рӯзи шашум
Наҳорӣ дар меҳмонхона
Сафари баргашт ба ш.Душанбе
Гусели сайёҳон аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Истанбул; бақайдгирӣ – ст. 08:45
Расидан ба ш.Душанбе (ст. 17:30): қабул ва гусели сайёҳон дар фурудгоҳи байналмилаии ш.Душанбе (ст. 18:00)


ЭЪЗОҲ
Барномаи мазкур эҳтимолӣ буда, бо хоҳиши сайёҳон (то ҳадди имконпазир) ва бо дарназардошти вазъиятҳои беинтизор (ногаҳонӣ) тағйир ёфтанаш мумкин аст

 



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам