МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Искандаркӯл яке аз кӯлҳои афсонавиест, ки дар қисмати шимоли мамлкат ҷой гирифта, аз ҳисоби барф ва яхобҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Фон ташкил мегардад. Ҳаҷми он 3,4 км2 буда, чуқурияш то 72 метр мерасад. Искандаркӯл дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дар гузашта тибқи маълумотҳои таҳлилӣ сатҳии баландии об то 120 метр мерасидааст.

Кӯли мазкур қиссаи зиндаеро муаррифӣ менамояд, ки он ба Искандари Мақдунӣ, лашкаркаши Юнон рабт дода мешавад. Яъне, Искандар ҳангоми лашкар кашидан ба Осиёи Марказӣ маҳз дар ҳамин кӯл муввақатан қарор гирифтааст.

Кӯли мазкур аз ҳисоби обҳои Саритоғ, Ҳазормеч, Сарима ва ҳамчунин ҷуйборҳои сершумори кӯҳӣ пур мегардад. Аз кӯл дарёи Искандардарё ҷори мешавад, ки бо дарёи Яғноб ҳамроҳ шуда, дарёи Фондарёро ташкил дода, сипас ба дарёи бузурги Зарафшон ҳамроҳ мегардад.

 

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 130 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

Рӯзи аввал

  • - Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ст. 08:00
  • - Сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, шоҳроҳи Душанб-Хуҷанд тариқи ноҳияи Варзоб ва қаторкӯҳҳои Фон ва Ҳисор ба ҳудуди Искандаркӯл ворид мешаванд. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф беш аз 3 соат тул мекашад
  • - Мавзеъҳои ташриф: саёҳат зимни ташриф ба ҳудуди кӯҳҳои Фон оғоз гардида, ба сайёҳон дар бораи кӯҳҳо ва кули Искандаркӯл ва саргузаштҳои ба он алоқаманд маълумоти умумӣ дода мешавад.
  • - Мавзеъҳои ташриф: Панҷшама - дар қисмати шимоли Искандаркӯл воқеъ гирифтааст, ҳар як чашма қиссаи хоси афсонавии худро соҳиб аст; яке чашмаи боигарӣ, дигаре бахт, муҳаббат ва ғайра ном гузошта шудааст. Мавзеи дигар, ин Ғори аспи Искандар - Бутсефал мебошад. Тибқи ривоятҳо аспи номбурда дар ҳамин ғор ҷой гирифта будааст.
  • - Хӯроки нисфирӯзӣ - яке аз ошхонаҳои соҳили Искандаркӯл (ст.: 13:00-14:00) 
  • - Ҳамзамон вақти истироҳати озод / дилхоҳи сайёҳон. Сайёҳон метавонанд оббозӣ ва ё савории қайиқро киро намоянд (кирои қайиқ мустақилона сурат мегирад) - (ст. 14:00-18:00)
  • - Хӯроки шом (19:00) 

Рӯзи дуюм

  • - Хӯроки наҳорӣ - яке аз ошхонаҳои соҳили Искандаркӯл.
  • - Мавзеъҳои ташриф: сайёҳон ба дидани кули Моркӯл, ки дар он ҷо моҳиҳои навъи гуногун парвариш карда мешаванд, мебароянд. Сипас роҳ ба самти Шаршараи Искандаркул пеш гирифта мешавад, ки он ҳудудан 2 км тул мекашад. Шаршара аз кули Искандаркул манша мегирад ва хеле бузург ва ҳайяҷонбахшу диданибоб мебошад.
  • - Як соат вақти хӯроки нисфирӯзӣ - яке аз ошхонаҳои соҳили Искандаркӯл. Ҳамзамон вақти истироҳати озод / дилхоҳи сайёҳон (ст.: 12:00-13:00).
  • ст. 17:00 анҷоми саёҳат: баргашт ба ш.Душанбе
  • - Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк), ст. 20:00


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам