МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

žХатсайри мазкур хусусияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иттилоотнокӣ дошта, ташриф ва дидор аз дастовардҳои аҷдодонро, ки даҳ аср ё ҳазор сол қабл ноил гардида буданд, фаро мегирад. Аҳамиятнокии дастовардҳои аҷдодӣ дар он аст, ки онҳо то ба имрӯз машҳури ҷаҳон боқӣ монда, ташаббускорон – гузаштагони мо ҳамчун шахсони фавқулода, олиму донишманд ва барҷастагони дину маърифат эътироф гардидаанд.

žСАМАРҚАНД — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии “Авесто” номбар гардидааст. 

 

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 1180 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ва ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

РӮЗИ ЯКУМ

- Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк), ҷамъомад то ст.: 9:00, роҳсипор шудан ба сафар / Ӯзбекистон тариқи Панҷакент

- Хӯроки нисфирӯзӣ дар ш.Панҷакент (12:00)

- Гузаштан аз сарҳад, гузаргоҳи Саразм (14:00)

- Расидан ба маркази ш.Самарқанд, ҷобаҷошавӣ дар меҳмонхона (15:00)

РӮЗИ ДУЮМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)

- Ташриф ба мавзеъҳо: манзилгоҳи (осорхонаи) Афросиёб – шоҳи зинда – масҷиди ҳазрати Хизр – осорхонаи С.Айнӣ – мадрасаи Шердор – маҷмааи Регистон – паноҳгоҳи ҳазрати Довуд – манзилгоҳи ҳазрати Дониёр-пайғамбар – манзилгоҳи ҳазрати Мотурдӣ; ҳамзамон хӯроки нисфирӯзӣ

- Баргашт ба меҳмонхона, хӯроки шом (19:00)

РӮЗИ СЕЮМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)

- Роҳсипо шудан ба самти Тошкент

- Дар роҳ: хӯроки нисфирӯзӣ (12:00); ҷобаҷошавӣ дар меҳмонхона (16:00)

- Сайру гашт – шоми Тошкент, ҳамзамон хӯроки шом

РӮЗИ ЧОРУМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)

- Ташриф ба мавзеъҳо: маҷмааи ҳазрати Имом - осорхона-китобхонаи дастхатҳо ва Қуръони Карим - маҷмааи Амир Темур - майдони Истиқлолият

- Баргашт ба меҳмонхона; хӯроки шом ст. 19:00

РӮЗИ ПАНҶУМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00) ва роҳсипор шудан аз ш.Тошкент ба самти ш.Душанбе

 Дар роҳ / Хуҷанд: хӯроки нисфирӯзӣ (13:00)

- Расидан ба ш.Душанбе, х. С.Шерозӣ 11, гусели сайёҳон  (19:00)



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам