МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

žХатсайри мазкур хусусияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иттилоотнокӣ дошта, ташриф ва дидор аз дастовардҳои аҷдодонро, ки даҳ аср ё ҳазор сол қабл ноил гардида буданд, фаро мегирад. Аҳамиятнокии дастовардҳои аҷдодӣ дар он аст, ки онҳо то ба имрӯз машҳури ҷаҳон боқӣ монда, ташаббускорон – гузаштагони мо ҳамчун шахсони фавқулода, олиму донишманд ва барҷастагони дину маърифат эътироф гардидаанд.

žСАМАРҚАНД — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии “Авесто” номбар гардидааст.

žБУХОРО — пойтахти пуршукӯҳи давлати Сомониён ва муҳимтарин шаҳри Мовароуннаҳр дар поёноби рӯди Зарафшон (қаблан рӯди Суғд) воқеъ аст. Он яке аз шаҳрҳои қадимтарине мебошад, ки таърихи зиёда 2500-сола дорад. Аксари сокинони Бухоро тоҷикон мебошанд.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 1180 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ва ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

РӮЗИ ЯКУМ

- Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк), ҷамъомад то ст.: 9:00, роҳсипо шудан ба сафар / Ӯзбекистон тариқи Панҷакент

- Хӯроки нисфирӯзӣ дар ш.Панҷакент (12:00)

- Гузаштан аз сарҳад, гузаргоҳи Саразм (14:00)

- Расидан ба маркази ш.Самарқанд, ҷобаҷошавӣ дар меҳмонхона (15:00)

РӮЗИ ДУЮМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)

- Ташриф ба мавзеъҳо (ихтиёрӣ, мустақилона): манзилгоҳи (осорхонаи) Афросиёб – шоҳи зинда – масҷиди ҳазрати Хизр – осорхонаи С.Айнӣ – мадрасаи Шердор – маҷмааи Регистон – паноҳгоҳи ҳазрати Довуд – манзилгоҳи ҳазрати Дониёр-пайғамбар – манзилгоҳи ҳазрати Мотурдӣ; ҳамзамон хӯроки нисфирӯзӣ

- Баргашт ба меҳмонхона, хӯроки шом (19:00)

РӮЗИ СЕЮМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)

- Роҳсипо шудан ба самти Бухоро: ҳамзамон ташриф ба маҷмааи имом Ал-Бухорӣ

- Дар роҳ: хӯроки нисфирӯзӣ (12:00); ҷобаҷошавӣ дар меҳмонхона (16:00)

- Сайру гашт – шоми Бухоро, ҳамзамон хӯроки шом

РӮЗИ ЧОРУМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)

- Ташриф ба мавзеъҳо (ихтиёрӣ, мустақилона): мақбараи сулолаи Сомониён – арки (қасри) Бухоро – манораи калон – чор манора – мадрасаи Девонбегӣ ва Абдулазизхон – Баҳоуддини Нақшбанд – чашмаи ҳазрати Аюб – мадрасаи Мири Араб

- Баргашт ба меҳмонхона; хӯроки шом ст. 19:00

РӮЗИ ПАНҶУМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00) ва роҳсипор шудан аз ш.Бухоро ба самти ш.Душанбе

 Дар роҳ / Самарқанд: хӯроки нисфирӯзӣ (13:00)

- Расидан ба ш.Душанбе, х. С.Шерозӣ 11, гусели сайёҳон  (19:00)



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам