МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Шумо мехоҳед, ки дур нарафта, харҷи зиёд накарда, аз зебогиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, навои хуши дарёҳои кӯҳӣ ва боду ҳавои тозаи Дараи Варзоб дидан намоед, ҳаловат баред ва бо хизматрасониҳои сатҳи баланди миллӣ истироҳати бофароғат дошта бошед?!

Пас, марҳамат ба дараи Варзоб, ҳамагӣ 20-30 км аз пойтахти мамлкат-ш.Душанбе! 

Фроғатгоҳи ГУЛИ МАЙДА – дар масофаи 28-ум км аз ш. Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ҷойгир шудааст; дорои шароитҳои хуби истироҳат ва дилхӯшӣ мебошад, бо ҳавзи оббозӣ, ошхонаи миллӣ ва ғайра ҷиҳозонида шудааст.

Маркази дилхушии КОХИ МАЛИКА - дар масофаи 20-ум км аз ш. Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ҷойгир шуда, бо шароитҳои олии хизматрасонӣ, ҳавзҳои оббозӣ, меҳмонхона ва ғайра барои истироҳати муносиб ташкил ёфтааст. Кохи Малика, инчунин ҷои мувофиқ барои гузаронидани ҷашнҳо, шабнишиниҳо, вохӯриҳои корӣ, семинар-машваратҳо, тӯйҳо ва истироҳатҳои оилавӣ ба ҳисоб меравад.

Истироҳатгоҳи ГУЛОБОД – дар масофаи 30-ум км аз ш. Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ҷойгир шудааст; як порчаи зебоманзар ва муносиб барои сайёҳон ба ҳисоб меравад, ки дорои равзанаи зебо, боду ҳавои тозаи кӯҳӣ, кул дар миёни кӯҳҳо, тарабхона дар баландӣ, ҳуҷраҳои форам ва ғайра мебошад.


АРЗИШИ ХАТСАЙР аз рӯи истироҳатгоҳҳо чунин аст:

  • КОХИ МАЛИКА: 
  • - гурӯҳӣ – 400 сомонӣ / нафар
  • - фардӣ / оилавӣ – 520 сомонӣ / нафар
  • ГУЛИ МАЙДА:  
  • - гурӯҳӣ – 300 сомонӣ / нафар
  • - фардӣ / оилавӣ – 390 сомонӣ / нафар
  • ГУЛОБОД:
  • - гурӯҳӣ – 250 сомонӣ / нафар
  • - фардӣ / оилавӣ – 325 сомонӣ / нафар
Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 50 км
Барнома дар бар мегирад қабул ва гусели сайёҳон дар шаҳри Душанбе, х. С.Шерозӣ 11
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

8:00

  • - Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ст. 08:00
  • - Сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Рӯдакӣ ба ҳудуди дараи Варзоб, ки қад-қади шоҳроҳи Душанб-Хуҷанд ҷойгир шудааст, ворид мегарданд. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф 40-50 дақиқа тул мекашад

09:00

  • - Мавзеъҳои ташриф: ба мавзеи интихобгардидаи истироҳатӣ ташриф оварда, ҷобаҷо мешавем;
  • Зимнан, дар давоми як соат ба сайёҳон дар бораи дараи Варзоб, захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии он маълумоти умумӣ дода мешавад. Инчунин, оид ба мавзеи сайёҳии интихобгардида, тарзу усулҳои истифодаи хизматрасониҳои он, таъмини бехатарӣ, масъулияти шахсӣ ва ғайра ба сайёҳон маълумот дода мешавад

10:00

  • - Истироҳати озод / дилхоҳи сайёҳон. Ба сайёҳон сайру гашти озод, оббозӣ дар ҳавзҳо, савории қайиқ (кирои қайиқ мустақилона сурат мегирад), бозии варзишӣ ва ғайра хизматрасониҳои дохилиҳудудии дар истироҳатгоҳ фароҳамгардида пешкаш карда мешаванд.

12:00

  • - Вақти хӯроки нисфирӯзӣ: ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ба сайёҳон барномаҳои мусиқӣ (тариқи дастгоҳҳои аудиоӣ) пешкаш мегардад

14:00

  • - Идомаи истироҳат (истироҳати озод / дилхоҳи сайёҳон): ба сайёҳон истифодаи хизматрасониҳои дохилиҳудудии дар истироҳатгоҳ фароҳамгардида ё инки баромадан ба баландиҳои талу теппаҳои наздик пешкаш карда мешавад.

16:00

  • - Вақти хӯроки бегоҳирӯзӣ (дар ин вақти истироҳат хӯроки сабук пешкаш мегардад): ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ба сайёҳон барномаҳои мусиқӣ (тариқи дастгоҳҳои аудиоӣ) пешкаш мегардад

18:00

  • - Анҷоми саёҳат: баргашт ба ш.Душанбе
  • - Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк)


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам