МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Дубай — яке аз бузургтарин шаҳрҳои Аморати муттаҳидаи Араб мебошад, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ ва тиҷорати молу хизматрасонӣ пешрафта ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ин минтақа бандари чуқуроби баҳрӣ ва маркази маъмурии Аморат буда, ба сифати маркази тиҷоратии Аморат ва шарқи наздик эътироф гардидааст.

Боду ҳаво дар Дубай гарм буда, дар зимистон 21-24 С0  ва дар тобистон 32-38 Сгармиро ташкил медиҳад

Хатсайри мазкур аз бастаҳои панҷрӯза—САЁҲАТИ КОРӢ (бизнес тур) ва ҳафтрӯза—САЁҲАТИ ФАРОҒАТӢ (истироҳатӣ) иборат мебошад.

Новобаста аз ин мумкин аст, ки тибқи хоҳиши муштариён саёҳати махсус, бо назардошти шарту шароитҳои муносиб ташкил намуд.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 4000 км
Барнома дар бар мегирад сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: ҳавопаймо, микроавтобус (трансфер) бо ҳамаи шароитҳои муносиб
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

РӮЗИ ЯКУМ

  • Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк), ҷамъомад то ст.: 8:00 ё инки дигар вақти муносиб, роҳсипо шудан ба фурудгоҳ
  • - Расидан ба Дубай, ҷобаҷошавӣ дар меҳмонхона (18:00 ё инки дигар вақти муносиб)

РӮЗИ ДУЮМ

  • Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)
  • - Ташриф ба мавзеъҳо: Сафари (ҷип-тур) - намуди фароғате мебошад, ки ҷолиби кули сайёҳон, чун он дар теппаҳои пур аз қум тариқи саворӣ дар автомобилҳои навъи ҷип бо маҳорати махсуси ронандагӣ ва санъати роҳатафзоӣ амалӣ мегардад; сайёҳонро аз назди меҳмонхона гирифта, ҳудуди то 5 соат дар даштҳои пур аз қум ба истироҳат мебарорем.
  • - Баргашт ба меҳмонхона (17:00)
РӮЗИ СЕЮМ
  • Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)
  • - Ташриф ба мавзеъҳо: саёҳати Абу-Дабӣ - сайёҳонро аз назди меҳмонхона гирифта, ҳудуди то 5 соат ба дидани хиёбонҳои афсонавии Абу-Дабӣ мебарорем. Абу-Дабӣ пойтахти Аморати араб мебошад, дар соҳили халиҷи Форс ҷойгир аст. Аз ёдгориҳои таърихӣ Бурҷи соат ва қалъаи Ал-Ҳусн боқист. Маркази тиҷорат, нақлиёт ва танзими истихроҷи нефти мамлакат мебошад.
  • - Баргашт ба меҳмонхона (17:00)

РӮЗИ ЧОРУМ

  • Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)
  • - Ташриф ба мавзеъҳо: Аквапарки "Yas Waterworld" - дар ҳудуди 15 га иборат аз 40 аттраксионҳои беҳамтои обӣ ташкил ёфтааст. Сайёҳонро ба ин мавзеъ аз меҳмонхона ҳамроҳӣ намуда, то қисми бегоҳ истироҳат менамоем. Дар қисмати бегоҳ ба Боғи аттрактсионҳои Феррари ташриф меорем. Боғи мазкур яке аз бузургтарин ҷойи фароғатӣ дар ҷаҳон, дар зери боме бо масоҳати 200000 м² ҷойгир шуда, баҳри таблиғи автомошинаи тамғаи ферарӣ бо насби аттраксионҳои муносиб ташкил гардидааст.
  • - Баргашт ба меҳмонхона (17:00)

РӮЗИ ПАНҶУМ

  • Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)
  • - Ташриф ба мавзеъҳо: имрӯз ба Бурҷи Халиф - бинои баландтарини ҷаҳон, 828 метр баландӣ дошта, ҳамчун маркази соҳибкорӣ ва фароғатии Дубай ташкил ёфтааст. Сайёҳонро аз назди меҳмонхона гирифта, ҳудуди то 4 соат ба ин мавзеъ / бино ба истироҳат мебарорем. Сипас ба тамошои хиёбонҳои Дубай мебароем.
  • - Баргашт ба меҳмонхона (18:00)
РӮЗИ ШАШУМ
  • Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)
  • - Ташриф ба мавзеъҳо: саёҳонро аз меҳмонхона гирифта, ба саёҳати обӣ / круиз (Дубай Марина) мебароем. Дар баҳр—халиҷи Форс то 6 соат саёҳат намуда, аз дастовардҳои обии Дубай шинос мегардем.
  • - Баргашт ба меҳмонхона (17:00)
РӮЗИ ҲАФТУМ
  • Наҳорӣ дар меҳмонхона (7:00-8:00)
  • - Анҷоми саёҳат: баргашт ба ш.Душанбе
  • - Расидан ба ш.Душанбе; қисмати бегоҳ—сайёҳон аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Душанбе гусел карда мешаванд


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам