МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Кореяи ҷанубӣ бинобар пешрафти худ дар самти илму техника ва технологияҳои иттилоттӣ дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои байналмилалии беҳамтои тиббӣ ноил гардидааст.

Дар ин кишвар беморхонаҳои гуногун ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ фаъолият мекунанд, ки бо ихтироъ / кашфи тарзу услуҳои навини (технологии) табобати инсон аз бемориҳои табобатнашаванда, ба монанди саратон, сактаи дил, мағзи сар, кучонидани узви бадан ва ғайра машҳур гардидаанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими табобати Корея барои ҷомеаи мо он аст, ки ин кишвар ба мо наздик буда, арзиши табобат дар қиёс ба Ҷопон ва ИМА то 30% арзон мебошад.

Арзонии табобат сифати хизматрасонии тиббиро кам / паст намекунад, зеро он бо принсипи «хизмат ба ҷомеа» на «ба даст овардани фоида» ташкил ёфтааст. Яъне, дар Корея тамоми беморхонаҳо ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ) фаъолият намуда, мақсади асосӣ, ин рушди имкониятҳои тиббӣ ва пешрафт дар соҳаи тандурустӣ муқаррар гардидааст.

Мисол: ҷарроҳии гавҳараки чашм дар Корея $ 1300 арзиш дорад, дар ҳоле ки арзиши ҳамин ҷарроҳӣ дар ИМА $ 4700 ва дар Олмон $ 3100 муқаррар карда шудааст.

Хатсайри мазкур дар ҳамкории мустақим бо ширкати Кореягии  EDB амалӣ гардонида мешавад.

Хизматрасонии мо ройгон аст, он аз ҳисоби шарики ҳамкор (на бемор), ба мо, танҳо пас аз барои табобат қабул гардидани бемор пардохт карда мешавад.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 5000 км
Барнома дар бар мегирад корҳои машваратдиҳӣ, ташкили тамос бо духтурони соҳибтаҷриба, муосидат барои ташхис ва ғайра
Намуди нақлиёт: ҳавопаймо, микроавтобус (трансфер) бо ҳамаи шароитҳои муносиб
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

  • Табобати бемориҳои саратон:
  • - ташхис-4 рӯз; биопсия-8 рӯз; омодагӣ ба ҷарроҳӣ-4 рӯз; ҷарроҳӣ-24 рӯз; луч-40 рӯз
  • Табобати бемориҳои дил:
  • - ташхис-4 рӯз; шунтир. ё протез. найча-14 рӯз; ангиография ё стент.-3 рӯз; дигар намудҳои ҷароҳӣ-14рӯз
  • Кучонидани узвҳои бадан:
  • - кучонидани гурда ё ҷигар-14 рӯз; мағзи устухони сар-30 рӯз
  • Табобати бемориҳои мағзи сар:
  • - ташхис-4 рӯз; томотерапия ё радиотерапия -30 рӯз; нейроҷарроҳӣ-14 рӯз; химиётерапия-4 рӯз ва диг.
     
  • * Барномаи мушаххаси табобатӣ зимни муроҷиат ва натиҷаи ташхис муайян мегардад


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам