МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

ЧИЛУЧОРЧАШМА: Дар ин мавзеъ панҷ чашмае хурӯш мекунад, ки ба 39 зерчашмаҳои хурд тақсим шудаанд. Оби чашма софу мусаффо ва табобатӣ буда, дар он шумораи зиёди моҳиҳо шино мекунанд. Риявояте ҳаст, ки як барҷастае бо ном Халифа Алӣ (Ҳазрати Алӣ), ба ин мавзеъ омада буд. Бар асоси ҳоҷҷати бошандагон, ӯ аз Худованд хоҳиш кард, ки ба онҳо об бидиҳад ва ба теппаи дастрасе зарба зад; ҳар он ҷойе, ки ангуштонаш расиданд, об фавора зад, ки имрӯз он панҷ чашмаи мусаффо мебошад.

Дар Чилу чор чашма 17 чашмаашро табобати мешуморанд, ки  ҳар яки онҳо дар навбати худ хусусиятҳои табобатии хоси худро доро мебошанд — Чашмаҳои Муин; Хуни бинӣ; Морон; Хунукзадагон; Устухондард; Табларза; Шифо; Фишори хун; Сардард; Песҳо; Мурод; Бефарзанд; Гурда; Дилу ҷигар; Девонаҳо; Чашму гӯш; Хориш.

Ҳамзамон дар доираи хатсайр зиёрати  ҳазрати Зайналобиддин ба нақша гирифта шудааст: Имом Зайналобиддин набераи ҳазрати Алӣ, писари Имом Ҳусайн ва абераи паёмбари ислом Муҳаммад (с) аст, вале дақиқ нест, ки ин мазори ӯст ё танҳо қадамгоҳаш.

Ҳамчунин, осорхонаи Бешаи палангон — Дар сарзамини зебои мо боғҳои миллию табиӣ ва манӯъгоҳҳои зиёде ҳастанд, ки барои устувории табиат, афзоиши саршумори олами ҳайвонот ва наботот метавонанд нақши бузург бозанд; бешаи палангон аз ҳамин қабил маконҳост.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 380 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

8:00

- Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ

- Соати 8:30 сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Н.Қарабоев, шоҳроҳи Душанб-Бохтар ба ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ворид мешаванд. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф 2-3 соат тул мекашад

11:00

- Мавзеъҳои ташриф: саёҳат зимни ташриф ба ноҳияи Дӯстӣ, зиёрати ҳазрати Зайналобиддин оғоз гардида, ба сайёҳон дар бораи мавсуф маълумоти умумӣ дода мешавад. Сипас, ба ҷониби осорхонаи Бешаи палангон равона шуда, оид ба мамнуъгоҳи мазкур роҳбалади осорхона нақл мекунад

12:00

- Мавзеъҳои ташриф: Зимни ташриф ба мақбараи Хоҷа Машҳад ба сайёҳон маълумоти зарурӣ пешниҳод карда мешавад. Хоҷа Машҳад дар асрҳои 9-10 ҳаёт ба сар бурда, дар ҷаҳони Ислом мавқеи хосса пайдо кардааст

13:00

- Мавзеъҳои ташриф: як соат вақти хӯроки нисфирӯзӣ - яке аз ошхонаҳои ноҳияи Шаҳритус

14:00

- Мавзеъҳои ташриф: сайёҳон ба Чилучорчашма расида, дар муддати то се соат дар ин ҷо зиёрат намуда, аз хизматрасониҳои он истифода менамоянд. Вобаста ба Чилучорчашма ва саргузаштҳои алоқаманд ба он роҳбалад сайёҳонро маълумоти мушаххас медиҳад

17:00

Анҷоми саёҳат: баргашт ба ш.Душанбе

- Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) .



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам