МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

БАҲРИ ТОҶИКяк аз обанборӽои бузургтарин дар Ҷумӽурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар вилояти Суғд ҷойгир шудааст.

Обанбори Қайроққум ҳамчун нерӯгоӽи барқӣ обӣ (НБО) ва гидроэлектрикӣ ташкил ёфтааст, ки аз ҳисоби Сирдарё пур мешавад. Иқтидори умумии обанбор – 4160 млн3, андозаи фоиданок 2,6 млн3 ташкил медиҳад. Дар фасли зимистон обанбори Қайроқум ях мебандад. Дар тобистон +32 °С гарм мешавад.

Имрӯзӽо он яке нуқтаӽои машӽӯртарин барои истироҳат, табобат, саёҳат, моҳидорӣ мебошад. Дар халиҷи Баҳр осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои гуногун сохтмон гардидаанд, ҳамарӯза ба садҳо нафар хизмат мерасонанд.

Барномаи сайёӽии мазкур барномаи маърифатӣ, варзишӣ - саргузаштдор, барқароркунии саломатӣ ва дилхушӣ ба ӽисоб меравад. Ҷолибу маърифатнокии он, аз беӽамто ва нодир будани обанбори бузургу шаффоф Баӽри тоҷик, шаҳодат медиӽад. Сайёӽон дар вақти сайёӽат натанӽо имконияти тамошои ҷойӽои диданибобро доранд, инчунин аз наздик бо дастовардӽои фарӽангӣ, таърихӣ, саргузаштӣ ва тамаддуни тоҷик шиносои пайдо мекунанд. Арбоби Набарди қаӽрамони миллатӣ тоҷик Спитамен бо Искандар Макдунӣ, осорхонаӽои Темурмалик ва ғайра доранд. Усули махсуси омода намудани Оши палов (бо тарзи Худҷандӣ) ва усулӽои нотакрори омода намудани таъомӽои миллӣ, ки рӯҳияи сайёҳонро болида мекунад.

  

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 840 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ва ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

РӮЗИ ЯКУМ

- Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ

- Соати 08:00 сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, шоҳроҳи Душанб-Хуҷанд тариқи шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Истаравшан ва ғ. ба ҳудуди шаҳри Гулистон ворид мешаванд. Хӯроки нисфирӯзӣ дар роҳ ба сайёҳон пешниҳод карда мешавад.

- Сайёҳон бегоҳи ҳамин рӯз ст. 16:00 ба ҳудуди Баҳри тоҷик расида, ба яке аз осоишгоҳҳо ҷойгир карда мешаванд. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф то 8 соат тул мекашад.

- Ҷобаҷошавӣ дар осоишгоҳ ва хӯроки шом—ст. 19:00

РӮЗИ ДУЮМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона ва қабули табобатҳо—тибқи нақшаи табобатии осоишгоҳ

- Хӯроки нисфирӯзӣ дар осоишгоҳ; нимаи дуюми рӯз, қисми бегоҳи сайру гашт атрофи Баҳри тоҷик 

- Баргашт ба осоишгоҳ, хӯроки шом

РӮЗИ СЕЮМ

Наҳорӣ дар меҳмонхона ва қабули табобатҳо—тибқи нақшаи табобатии осоишгоҳ

- Хӯроки нисфирӯзӣ дар осоишгоҳ ва роҳсипор шудан ба ш. Хуҷанд. Дар Хуҷанд ба Қасри Хуҷанд, осорхонаи Т. Улҷабоев, Қасри Арбоб ташриф меорем. Дар ин мавзеъҳо ба сайёҳон аз ҷониби роҳбалади дохилӣ маълумоти дахлдор дода мешавад.

- Баргашт ба осоишгоҳ; хӯроки шом

РӮЗИ ЧОРУМ

Наҳорӣ дар меҳмонхона ва қабули табобатҳо—тибқи нақшаи табобатии осоишгоҳ

- Хӯроки нисфирӯзӣ дар осоишгоҳ; нимаи дуюми рӯз, қисми бегоҳи сайру гашт атрофи Баҳри тоҷик, оббозӣ дар ҳавзҳои муқарраршуда 

- Баргашт ба осоишгоҳ, хӯроки шом

РӮЗИ ПАНҶУМ

Наҳорӣ дар меҳмонхона ва қабули табобатҳо—тибқи нақшаи табобатии осоишгоҳ

- Хӯроки нисфирӯзӣ дар осоишгоҳ ва савории киштӣ дар Баҳри тоҷик / круиз

- Баргашт ба осоишгоҳ; хӯроки шом

РӮЗИ ШАШУМ

Наҳорӣ меҳмонхона ва қабули табобатҳо—тибқи нақшаи табобатии осоишгоҳ

- Хӯроки нисфирӯзӣ дар осоишгоҳ; нимаи дуюми рӯз баргашт ба шаҳри Душанбе

- Анҷоми саёҳат. Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк); ст. 20:00

  • Эзоҳ: Барномаи мазкур шашрӯза аст, аммо барои хоҳишмандон онро мумкин аст, бо назардошти иловапулӣ тамдид намуд.


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам