МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

САРИ ХОСОР — мамнуъгоҳи табиӣ дар қисмати ҷанубии мамлакат - ноҳияи Балҷувон дар масоҳати 3805 га (дар баландии 2000 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир мебошад. Масофаи ҷойгиршавии ин мавзеи сайёҳӣ аз пойтахти мамлакат - ш.Душанбе ҳамагӣ 165 км дур мебошад, аммо роҳу пурпечутоби он, ки тавассути кӯҳсор ва сангоб мегузарад, ин масофаро аз рӯи вақт хеле дароз мекунад.

Новобаста аз ин, Сари Хосор дар воқеъ табиати шигифтангез, афсонавӣ ва дастнорас дошта, бо ҳавои тару тоза, кӯҳҳои ҷомасабзи худ, шаршараи ҳайратангези чашмасор, дарахтони чормағзу тут, чанорҳои бисёрсола, ҳайвоноти нодир (хирс, гург, бабри сафед, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ ва ғайра), парандаҳои гуногун ва сокинони меҳмондӯст, таваҷҷӯҳи ҳазорон сайёҳонро ҷалб намудааст.

Сари Хосор макони истироҳатиест, ки табиат эҳдо кардааст, бо ташриф овардан ба ин мавзеъ шахс барои худ саҳифаи наверо марбут ба офариниши коинот ва ҳастии инсону дигар махлуқот дар рӯи замин, ки қаламкаши ҳама Худованд аст, мекушояд.

Хатсайри мазкур тариқи яке аз минтақаҳои дигари куҳану номдор—Ховалинг мегузарад, ки дар ин ҷо низ сайёҳон имконияти зиёрат кардани барҷастагони дини Ислом — Султон Увайси Қаръайнӣ ва дигаронро доранд.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 420 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ва ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

РӮЗИ ЯКУМ

- Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ

- Соати 07:30 сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Айнӣ, шоҳроҳи Душанб-Кӯлоб тариқи шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Норак ва Данғара ба ҳудуди ноҳияи Балҷувон ворид мешаванд. Сайёҳон дар ин ҷо ба осорхонаи Балҷувон ташриф оварда, дар бораи таъриху тамаддун ва дастовардҳои ноҳия шинос карда мешаванд.

- Дар ноҳияи Балҷувон хӯроки нисфирӯзӣ карда, сафарро ба самти Сари Хосор (эҳтимол бо тағйир додани нақлиёт) идома медиҳанд.

- Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф то 10 соат тул мекашад. Ҷобаҷошавии меҳмонон дар меҳмонхона ва хӯроки шом—ст. 20:00

РӮЗИ ДУЮМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона

- Мавзеъҳои ташриф: қисми аввали рӯз аз мамнуъгоҳи Сари Хосор ва шаршараи он дидан менамоем; ба сайёҳон дар бораи Сари Хосор, дастовардҳо ва саргузаштҳои он маълумоти умумӣ дода мешавад.

- Хӯроки нисфирӯзӣ, сипас ба шаршара ташриф оварда, эҳтимол оббозӣ низ намоем. Дар бегоҳрӯзи ҳудуди ду-се соат аспсаворӣ намуда, ба мавзеъҳои кӯҳсор ва гулгаштҳо саворӣ менамоем. 

- Баргашт ба меҳмонхона, хӯроки шом

РӮЗИ СЕЮМ

- Наҳорӣ дар меҳмонхона ва роҳсипор шудан ба самти Ховалинг, ст. 07:00

- Мавзеъҳои ташриф: дар ин рӯзи саёҳат ба мақбараи Ҳазрати Султон Увайси Қаръайнӣ ташриф оварда, дар бораи корнамоиҳои Ҳазрати Султон дар ҷаҳони Ислом маълумот гирифта, зиёрат менамоем. Дар ҳамин ҷо низ хӯроки нисфирӯзӣ карда, сипас ба дидани осорхонаи  Восеъ ба дарраи Мухтор ташриф меорем. Дар ин ҷо набераи Восеъ ҳамчун роҳбалад ба сайёҳон дар бораи корнамоиҳои Восеъ нақл мекунад.

- Анҷоми саёҳат, баргашт ба ш.Душанбе. Гусели сайёҳон аз ш.Ду шанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк); ст. 20:00

 

Эзоҳ: Барномаи мазкур серӯза аст, аммо барои хоҳишмандон онро мумкин аст, бо назардошти иловапулӣ тамдид намуд.



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам