Шаҳри Кӯлоб дар қисмати ҷануби Тоҷикистон ҷой гирифтааст; он яке аз минтақаҳои / шаҳрҳои қадимтарини Осиё буда, таърихи 2700 сола дорад. Кофтуковҳои археологӣ бар он шаҳодати медиҳанд, ки дар асрҳои VII - VI пеш аз мелод дар ин ҷо ҳунарҳои кулолгарӣ: махсусан кӯзагарӣ, ки усулан хоси мардумони шаҳранд, хело рушд карда будааст.
Бостоншиносон дар хандақҳои атрофи шаҳр сафолпораҳоеро ёфтаанд, ки андозаи онҳо ба 1,5-2 метр мерасад, ки аз осори фарҳангу тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад. Ин бозёфти археологӣ аз мавҷудияти як шаҳри аз лиҳози фарҳангу маданият рушд карда, дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб гӯвоҳ аст.
Қалъаи “Ҳулбук” - маркази тиҷоратӣ ва ирфонии Хуталон дар асрҳои IX - XI ба ҳисоб меравад. Ин Қалъа тамаддунофару фарҳангдӯсту ва маърифатпарвар будани миллати тоҷикро инъикос менамояд. Бозёфтҳои Қалъа далели аз ҷиҳати илму техника пешрафт доштани мардуми тоҷику форсро инъикос менамояд, ки ҷолиби диққати ҳазорон сайёҳон / археологону таърихшиносон гардидааст.
Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, дар сари шоҳроҳои Душанбе — Кӯлоб воқеъ гардидааст.
Масофаи умумӣ: | 380 км |
---|---|
Барнома дар бар мегирад | Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд |
Намуди нақлиёт: | микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ |
8:30 |
|
11:00 |
|
12:00 |
|
13:00 |
|
14:00 |
|
15:00 |
- Анҷоми саёҳат дар шаҳри Кӯлоб: сайёҳон ба таввақуфгоҳи майдони марказӣ ҷамъ омада, ба самти Душанбе пас мегарданд. - Дар роҳ ба чойхонаи миллии «Хуррамшаҳр» (н.Данғара) ташриф оварда, аз ҳунару маҳорати волои ҳунармандони тоҷик ва сабку услуби кандакорӣ шинос мешаванд. Сипас, сафари баргашт идома меёбад. - Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк), 19:00 |