МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Тибқи махзанҳои таърихӣ ва осорҳои ҷуғрофӣ Қурғонтеппа - имрӯза шаҳри Бохтар дар гузашта Леваканд ном доштааст. 

Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои имрӯзааш ҳанӯз дар замони Кушониён (садаҳои I – IV м.) вуҷуд доштааст.

Леваканд дар садаҳои X – XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш будааст, вале ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст. Дар паи қатли аҳли левакандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр, як муҳлати муайян, аз ёдҳо рафта, ҷояш низ фаромӯш гашта буд.

Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр - Қурғонтеппа дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест, ки бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад.

Танҳо дар давраи давлати шӯравӣ ш. Қурғонтеппа рушд меёбад.

11 августи соли 1937 ш. Бохтар / Қурғонтеппа расман мақоми шаҳрро соҳиб шуд. Апрели соли 1977 вилояти Қурғонтеппа ташкил ёфта, ноябри 1992 бошад, пас аз муттаҳид шудани ду вилоят Қурғонтеппаю Кӯлоб ва таъсис ёфтани вилояти Хатлон маркази маъмурии он шаҳри Бохтар / Қурғонтеппа эълон гардид.

Соли 2018 номи Қурғонтеппа бинобар асосҳои таърихӣ ба  номи Бохтар иваз карда мешавад.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 200 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ва ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

 

8:30

  • - Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ст. 08:00

  • - Сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Н.Қарабоев, шоҳроҳи Душанб-Бохтар ба ҳудуди шаҳри Бохтар ворид мешаванд. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф то ду соат тул мекашад

10:00

  • - Мавзеъҳои ташриф: саёҳат аз хиёбонҳои шаҳр оғоз гардида, ба сайёҳон дар бораи шаҳри Бохтар маълумоти умумӣ дода мешавад. Сипас дар майдони Исмоили Сомонӣ сайёҳон пиёда шуда бо таърихи ташкилёбии он шинос карда мешаванд.

11:00

  • - Мавзеъҳои ташриф: Теппаи Қурғон, осорхонаи Бибихонум. Ба сайёҳон ҳудуди як соат таърихи шаҳри Леваканд, имрӯза Бохтар ва теппаи Қурғон зимни ташрифи он ва осорхонаи Бибихонум нақл карда мешавад. Аз теппаи Қурғон инчунин тамоми шаҳр намоён аст, ки он ба сайёҳон намоиш дода мешавад.

12:00

  • - Як соат вақти хӯроки нисфирӯзӣ - яке аз ошхонаҳои хоси урфу одатҳои маҳал. Ба ин бино роҳбалад сайёҳонро роҳнамоӣ менамояд. Дар давоми истироҳат хоҳишмандон метавонанд аз хизматрасониҳои дахлдор, ҳамчунин дар бораи дарёи шафоф ва тезоби шаҳр бархурдор гарданд.

13:00

  • - Мавзеъҳои ташриф: пас аз хӯроки нисфирӯзӣ сайёҳон ба осорхонаи Авесто ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги сокинони вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар шинос карда мешаванд. Мавзеи дигар—ва боғи марказӣ мебошад, ки ба он ҷо сайёҳонро роҳбалад роҳнамоӣ менамояд

15:00 - 17:00

- Анҷоми саёҳат: сайёҳон ба таввақуфгоҳи боғи марказӣ ҷамъ омада, ба самти Душанбе пас мегарданд

- Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк)



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам