МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Нерӯгоҳи барқии обии Норак (НБО) соли 1972 дар байни қаторкӯҳҳо дар ҷануби мамлакат ташкил ёфта, дар айни замон манбаи асосии тавлидкунандаи нерӯи барқ барои аҳолӣ маҳсуб мегардад.

Шаҳри Норак, ки маҳз дар ҳамон ҷо НБО ҷойгир шудааст, дар масофаи 70 км аз ш.Душанбе воқеъ мебошад.

НБО аз сарбанди баландтарин дар ҷаҳон - дар Китоби рекордҳои Гиннес шомил гардидааст, обанбор, шаршара ва дигар ҷузъиёти ҳайяҷоновар иборат аст.

НБО Норак ба як нигоҳ бо оби муссафо ва кӯҳҳои гуногунранги худ суратеро монанд месозад, ки гӯё касе онро тасвир карда бошад. Маҳз бо ҳамин ҷаззаба ва ҷолибияташ таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳонро ҷалб сохтааст.

Дар ҳудуди НБО ва шаҳри Норак истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, ҳавзҳо ва нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ мавҷуданд, ки ҳаммарӯза дар хизмати сайёҳон мебошанд

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 180 км
Барнома дар бар мегирад Сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

8:00 

Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе х.С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки аз дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубии шаҳр

Соати 8:30 сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Айнӣ, шоҳроҳи Душанб-Кӯлоб тариқи шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод ба ҳудуди шаҳри Норак ворид мешаванд. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф то ду соат тул мекашад

10:00 

Мавзеъҳои ташриф: саёҳат аз хиёбонҳои шаҳр оғоз гардида, ба сайёҳон дар бораи шаҳри Норак маълумот дода мешавад. Сипас дар осорхонаи марказии шаҳр сайёҳонро роҳбалади осорхона роҳнамоӣ мекунад.

11:00 

Мавзеъҳои ташриф: НБО Норак — осорхонаи НБО. Ба сайёҳон ҳудуди 1-2 соат толорҳои идоракунӣ ва тавлиди барқ намоиш дода шуда, сипас дар осорхонаи НБО оид ба таърихи ташкилёбӣ, имконият ва иқтидорҳои Нерӯгоҳ маълумот пешниҳод карда мешавад

13:00 

Мавзеъҳои ташриф: як соат вақти хӯроки нисфирӯзӣ  - ошхонаи назди Обанбор. Ба ин бино роҳбалад сайёҳонро роҳнамоӣ менамояд. Дар давоми истироҳат хоҳишмандон метавонанд аз хизматрасониҳои дахлдор—оббозӣ дар ҳавз, қайиқронӣ ва ғайра истифода намоянд.

14:00 

Мавзеъҳои ташриф: пас аз хӯроки нисфирӯзӣ сайёҳон ба сарбанди НБО—сарбанди баландатрини ҷаҳон, ки ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гардидааст, ташриф меоранд. Мавзеи дигар—Шаршара мебошад, ки ба он ҷо сайёҳонро роҳбалад роҳнамоӣ менамояд.

Анҷоми саёҳат: сайёҳон ба таввақуфгоҳи НБО, ки дар он ҷо онҳоро нақлиёт интизор аст, ҷамъ омада ба самти Душанбе пас мегарданд

Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, х.С.Шерозӣ 11



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам