МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Маҷмааи лижаронии «Сафед-Дара» соли 1976 таъсис ёфта, дар самти хизматрасонии варзишӣ, сайёҳӣ ва лижаронӣ фаъолият менамояд; дар баландии 2000 метр (аз сатҳи баҳр) ҷойгир буда, мавзеи ягонаи лижаронӣ дар мамлакат мебошад.  

Дар масофаи 50 км аз шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст, ки барои саёҳати меҳмонони пойтахт имконияти муносиб арзёбӣ мегардад.

Сафед-Дара бо таваҷҷӯҳ ва пайгириҳои пайваста охири соли 2016 Сафед-Дара, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳи нав ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин мавзеъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир мебошад, ки дар як вақт имконияти қабули то 1000 нафарро дорад.

Дар Сафед-Дара асосан дар айёми зимистон, инчунин фаслҳои дигари сол ба сайёҳон хизматрасониҳои зерин пешниҳод мегардад:

  • * Ду роҳи танобӣ (дар мас. 2000 м.);
  • * Лижаронӣ;
  • * Яхмолак (каток);
  • * Барфтозӣ  (сноубординг);
  • * Рондани квадросикл ва барфгард;
  • * Фурудоии ҳавоӣ (зип-лайн);
  • * Муҳориба (бозӣ) бо рангҳо (пейнтбол);
  • * Меҳмонхона;
  • * Ҳавзи шиноварӣ;
  • * Тарабхона;
  • * Маҷлисгоҳ.
  • ва дигар хизматрасониҳо

Эъзоҳ: саёҳати мазкур аз якчанд баста иборат буда, арзиши он аз 70 сомонӣ боло оғоз мегардад, зимнан, тавсия мегардад, ки пеш аз қабули қарор бо ҳамаи бастаҳои хатсайр дар зерсаҳифаи "Бо ин маблағ таъмин мегардад" шинос шавед.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 100 км
Барнома дар бар мегирад сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд (то маркази шаҳр - 10-15 км./15 мин. роҳ)
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

08:00

  • Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ
  • Соати 8:30 сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони марказии ш.Душанбе—Рӯдакӣ, қад-қади дарё, шоҳроҳи Душанб-Хуҷанд ба ҳудуди ноҳияи Варзоб ворид гардида, дар 17-ум км ба тарафи рост—ҷониби Ҷамоати Такоб гардида, тариқи кӯҳроҳҳо ба Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара мерасем. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф то ду соат тул мекашад

10:00 - 10:30

  • Мавзеъҳои ташриф: ба сайёҳон дар бораи Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара ва тарзи истифодабарии аттраксионҳо ва хизматрасониҳои дахлдор, аз ҷумла таъмини бехатарӣ ва эҳтиёткорӣ маълумот дода мешавад

10:30

  • Мавзеъҳои ташриф: сайёҳон аз аттраксионҳо ва хизматрасониҳои дахлдори Сафед-Дара бо роҳнамоии роҳбалад истифода менамоянд.
  • Ҳангоми зарурат сайёҳон метавонанд дар ошхона / тарабхонаи дар бинои маъмурии Сафед-Дара ҷойгиршуда истироҳат намоянд, гарм шаванд

13:00

  • Мавзеъҳои ташриф: як соат вақти хӯроки нисфирӯзӣ  - ошхона / тарабхонаи дар бинои маъмурии Сафед-Дара ҷойгиршуда. Ба ин бино роҳбалад сайёҳонро роҳнамоӣ менамояд.

14:00

  • Мавзеъҳои ташриф: сайёҳон истироҳати худро ё инки истифодабарии аттраксионҳо ва хизматрасониҳои дахлдори Сафед-Дараро бо роҳнамоии роҳбалад идома медиҳанд

17:00

  • Анҷоми саёҳат: сайёҳон ба таввақуфгоҳи Сафед-Дара, ки дар он ҷо онҳоро нақлиёт интизор аст, ҷамъ омада ба самти Душанбе бар мегарданд.
  • Гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк)  


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам