МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР
 

ҚАЛЪАИ ҲИСОР — ёдгории таърихӣ-фарҳангии шаҳри Ҳисор, қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии минтақаи Ҳисор мебошад.
Дар масофаи 35 км аз ш.Душанбе ҷойгир аст.
Вожаи “ҳисор” арабӣ ва маънояш “диж”, “қалъа” мебошад. Ин қалъа дар саддаҳои XV – XVII мелодӣ ҳамчун шаҳри Шумон машҳур буда, бо худ таърих ва ёдномаҳои зиёди халқу миллати тоҷикро дорад.
Аввалин калимаи “Ҳисор” ҳамчун номи маъмурӣ, шаҳр ё маъмурият дар асри 11 зикр ёфтааст. Сипас, ин калимаҳо дар он ҷое, ки сохторҳои давлатӣ ҷойгиранд, истифода карда шудаанд. Дар замонҳои қадим шаҳр маркази қисми мустақили давлати Сомониён буд.
То соли 1921 Ҳисор маркази шарқии Бухоро буд. Дар ҳама давру замон, Ҳисор нисбат ба ҳукумати марказӣ соҳибихтиёр буд. Атрофи шаҳр - Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.

Дар асрҳои миёна, Ҳисор шаҳреро барои маркази ҳунармандӣ ва маркази худ шинохт. Дар асри 18 Ҳисор ба яке аз 28 моликияти аморати Бухоро табдил ёфт. Аз ҳамон вақт инҷониб Ҳисор ҳамчун қалъа нигоҳ дошта шуд, ки то имрӯз он ба осорхона ва мавзеи тамошо — таърихи зиндаи халқу миллати тоҷик табдил ёфтааст. 

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 110 км
Барнома дар бар мегирад сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе, х.С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ва ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

9:00 ё инки 13:00

Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе х.С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё ин ки аз дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубии шаҳр
Соати 9:00 сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони Сомо-нии ш.Душанбе, шоҳроҳи Душанб-Турсунзода ба ҳудуди шаҳри Ҳисор ворид мегарданд. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф то 40 дақиқа тул мекашад.

10:00 ё инки 14:00

Мавзеъҳои ташриф: саёҳат аз тамошои шаҳри Ҳисор ва ташрифи осорхонаи марказии шаҳр оғоз мегардад. Дар ин ҷо сайёҳонро роҳба-лади дохилӣ роҳаномӣ карда, бо таърих ва навовариҳои шаҳр шинос менамояд.

11:00 ё инки 15:00

Мавзеъҳои ташриф: Қалъаи Ҳисор — осорхонаи Қалъаи Ҳисор. Ҳудуди 1-2 соат роҳбалади Қалъа сайёҳонро ҳамроҳӣ намуда, атрофи таърих ва саргузаштҳои Қалъа нақл мекунад. Дар ҳаминҷо низ имконияти расмгирӣ мавҷуд аст.

13:00 ё инки 17:00

Мавзеъҳои ташриф: вақти аспсаворӣ (майдони назди Қалъа). Ба ҳар нафар то 15 дақиқа имконияти саворӣ кардани асп дода мешавад. Дар ин ҷо ба сайёҳон шахсони масъул-таҷрибадорон кумак мерасонанд.

14:00 ё инки 18:00

Мавзеъҳои ташриф: Чойхонаи миллии «Харбуза» - ҳамчун дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ва нишони хоҷагидорӣ афрохта шудааст. Баландии чойхона 43 метр, дарозӣ - 100 метр ва паҳнои он - 55 метр буда, дар як вақт барои хизматрасонӣ ба 2,3 ҳазор нафар меҳмонон пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо ба сайёҳон дар бораи паҳлуҳои дигари чойхона маълумот дода мешавад. Сипас, дар ҳамин ҷо хӯрок иборат аз хурданиҳои сабук истеъмол карда, ба ҷониби ш.Душанбе пас мегардем.
Анҷоми саёҳат: гусели сайёҳон аз ш.Душанбе, х.С.Шерозӣ 11



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам