МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Шоми шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо биноҳои нав қомат афрохта, боғу гулгаштҳои чароғон ва фавораҳои гуногуншакли ранга бисёр зебо, дилнишин ва роҳатафзо мебошад.
Яке аз дастовардҳои даврони муосир Боғи фарҳангу фароғатии Хаём ба ҳисоб меравад, ки бо теъдоди зиёди аттраксионҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, ҳамарӯза ҷолиби диққати тамоми сокинони шаҳр ва меҳмонони дуру наздик, бахусус кӯдакону наврасон ва ҷавонон гардидааст. Аз ҷумла:

  • - Чархофалаки мушоҳидавӣ;
  • - Чархофалаки гирдгардон «Юпитер»;
  • - Теппаҳои америкоӣ;
  • - Арғунчаки табдилёбанда «Виплеш»;
  • - Киштии роҳзан;
  • - Катамаран;
  • - Чархофалакчаи «Сюрприз»;
  • - Тарсхона (комната страха);
  • - Синамои (кинотеатри) 5D;
  • - Ҷети хурдакак;
  • - Автодром (рондани автомошинаҳои хурд);
  • - Косаҳои чархзананда;
  • - Манораи афтиши озод;
  • - Қатораҳои гуногуни заминию ҳавоӣ;

ва ғайра интизори шумоанд.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 20 км
Барнома дар бар мегирад сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - х.С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд (то маркази шаҳр - 10-15 км./15 мин. роҳ)
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

15:00:
  • Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе
  • Мавзеъҳои ташриф: Маҷмааи Душанбе-Плаза, майдони тамошои шаҳр. Аз ошёнаи 19-уми маҷмаа тамошои шаҳр менамоем. Маҷмааи мазкур ҳамчун маркази тиҷоратӣ истифода мегардад ва дар он ташкилоту муассисаҳои зиёд ҷой гирифтаанд.
16:00
  • Мавзеъҳои ташриф: майдони Дӯстӣ, муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ — Китобхонаи миллӣ. Саёҳат аз майдони Дӯстӣ (дар ин ҷо расм гирифтан низ мумкин аст) оғоз мегардад, сипас дар ҳудуди боғи устод Рӯдакӣ каме сайр карда, бо саргузашт ва дастовардҳои устод Рӯдакӣ шинос мегардем
17:00
  • Мавзеъҳои ташриф: боғи Ҷавонон дар соҳили кули Ҷавонон ҷойгир шудааст; ин боғ / кул ҷойи сайругашти сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад
18:00
  • Хӯроки шом: пеш аз идомаи саёҳат ва ташриф ба боғи Хаём, ки дар онҷо аттраксионҳои зиёд интизоранд, дар соҳили кули Ҷавонон хӯроки шом, иборат аз хӯрданиҳои сабук истеъмол карда, аз ҳавои тоза ва фазои истироҳатбоби кӯл истифода менамоем.
19:00
  • Мавзеъҳои ташриф: — боғи фароғатии Хайём (аттраксионҳо). Ба ҳудуди боғ ворид гардида, то 10-15 дақиқа дар бораи ташкилёбӣ ва истифодаи дурусти аттраксионҳо корҳои дастурдиҳӣ мегузаронем. Аттраксионҳо бо интихоби озоди сайёҳон вобаста ба имкониятҳои худ, мустақилона дар доираи вақти ҷудошуда фармоиш дода / истифода карда мешаванд
  • Анҷоми саёҳат: гусели сайёҳон аз х.С.Шерозӣ 11

 

Эъзоҳ: чӣ таве аз Барнома маълум аст, саёҳат дар нимаи дуюми рӯз дар муддати 4-5 соат ташкил гардида, дар шабонгоҳ анҷом меёбад. Зимнан, ба хоҳишмандон барои шабгузаронӣ мо метавонем аз ҳисоби шарикони худ бо нархҳои хеле паст ҷойи хоб / меҳмонхона пешниҳод намоем



ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам