МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Масоҳати шаҳр 124,6 км мураббаъ буда, дар ҳудуди он як миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили
Сомонӣ, А. Фирдавсӣ ва А. Сино мебошад. Пойтахти Тоҷикистон аз теъдоди зиёди ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла 230 корхонаи саноатӣ, 38
корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва ғайра иборат мебошад.

Дар садаҳои миёна шаҳри Душанбе бо унвони «Шумон» ном гирифта мешудааст. Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вашгирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд. Аз ҷойноми «Душанбе» барои нахустин бор дар китобе бо унвони «Баҳр ул-аъроффи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» номида шудааст. Азбаски ин ҷойро «Душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

Мавзеъҳои ташриф

ХАРИТА / ХАТСАЙР

МАСОФАИ ХАТСАЙР

Масофаи умумӣ: 32 км
Барнома дар бар мегирад сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе - х.С.Шерозӣ 11 (наздикии Сирк) ё инки дарвозаҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ қабул карда мешаванд (то маркази шаҳр - 10-15 км./15 мин. роҳ)
Намуди нақлиёт: микроавтобус (Toyota, Mercedes) ё инки ҷип бо шароитҳои муносиби хизматрасонӣ
БАРНОМАИ ХАТСАЙР

09:00 ё инки 13:00:
  • Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе
  • Мавзеъҳои ташриф: хиёбони марказии пойтахт (х.Рӯдакӣ) / саёҳат аз Роҳи оҳани Тоҷикистон оғоз гардида, то терминали шимолӣ тариқи хиё-бони марказӣ бо нақлиёт идома меёбад.
10:00 ё инки 14:00
  • Мавзеъҳои ташриф: майдони Дӯстӣ, муҷассамаи Исмоилӣ Сомонӣ — Китобхонаи миллӣ / саёҳат аз майдони Дӯстӣ (дар ин ҷо расм гирифтан низ мумкин аст) мегардад, сипас ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда мешавад, ки дар он ҷо роҳбалад, дар бораи китобхона ва имкониятҳои он маълумот медиҳад
11:00 ё инки 15:00
  • Мавзеъҳои ташриф: дар ҳудуди боғи устод Рӯдакӣ каме сайр карда, бо саргузашт ва дастовардҳои устод Рӯдакӣ шинос шуда, сипас ба боғи Парчами давлатӣ вуруд гардида, дар бораи он маълумот мегирем. Дар майдони Прачам ҳавзе ҷой гирифтааст, ки дар онҷо қайиқронӣ барои хоҳишҳмандон имконпазир мебошад
12:00 ё инки 16:00
  • Мавзеъҳои ташриф: як соати саёҳат дар Осорхонаи Миллии Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо таърихи гузашта ва дастовардҳои муосири давлат гузаронида мешавад; бо сайёҳон роҳбалади осорхона кор мебарад.
13:00 ё инки 17:00
  • Мавзеъҳои ташриф: дар боғи Ирам, ки яке аз калонтарин боғҳои пой-тахт ба ҳисоб меравад, ҳудуди як соат сайру гашт намуда, бо гулу бут-таҳои нодири аз тамои гушаҳои ҷаҳон гирдоварда шинос мешавем. Дар ҳамин ҷо низ ба сайёҳон хӯроки сабук (гамбургер ё шаурма ё дигар намуди мувофиқ) пешниҳод мегардад
14:00 ё инки 18:00
  • Мавзеъҳои ташриф: боғи устод Айнӣ дар солҳои охир азнавсозӣ гар-дида, бо аттраксионҳои гуногун ҷиҳозонида шудааст, ки аз онҳо истифо-да бурдан мумкин аст. Дар ин боғ маълумот дар бораи С. Айнӣ ва да-стовардҳои ӯ нақл карда мешавад
  • Анҷоми саёҳат: гусели сайёҳон


ШАКЛИ ДАРХОСТИ

Аз
То
Калонсолон
Кудакон (то 12 сола)
Дархостдиҳанда
Почтаи электронӣ
Телефон
Ман шартҳои шартномаи истифодабариро кабул мекунам ва ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам